نشرات زنده
فارسی English عربي
56
-
الف
+

Барбади Марвазӣ ва нақши ӯ дар таърихи мусиқии Шарқ

Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ бахшида ба Барбади Марвазӣ шуд

Дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии «Нақши таърихии Барбади Марвазӣ дар рушди мусиқии суннатии Шарқ» ба кори худ оғоз кард. Ҳадафи асосии ин ҳамоиш омӯзиши зиндагӣ, ҳунар ва таъсири ин мусиқидони барҷаста ба фарҳанги мусиқии минтақа мебошад.

Конфронси мазкур бо иштироки муҳаққиқон, олимон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии фарҳангӣ дирӯз дар Душанбе оғоз ёфт. Ҳамоиш то 29 ноябр идома ёфта, дар он ҷойгоҳи Барбади Марвазӣ дар таърихи мусиқии Шарқ ва таъсири мероси ҳунарии ӯ ба суннатҳои мусиқии минтақа мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Барбади Марвазӣ яке аз чеҳраҳои барҷастаи мусиқии даврони Сосониён ба шумор меравад. Ӯ ҳамчун сароянда, навозанда ва оҳангсоз шӯҳрат доштааст. Мероси ҳунарии ин мусиқидони маъруф дар тӯли асрҳо дар адабиёт ва фарҳанги мусиқии форсизабонон ҷойгоҳи хос пайдо кардааст. Номи Барбад дар осори шоирону нависандагони бузурги Шарқ, аз ҷумла Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Низомӣ, Ҳофиз ва Ҷомӣ низ ёд шудааст.

Дар ҷараёни конфронс иштирокдорон зиндагӣ ва фаъолияти ҳунарии Барбад, мусиқии даврони Сосониён, созҳои мусиқии он замон, раванди ташаккул ва рушди мақомҳои мусиқӣ, инчунин таъсири мероси ӯро ба мусиқии суннатии минтақа меомӯзанд.

Яке аз мавзуъҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ дар ин ҳамоиш шеваҳои қадимаи мусиқӣ дар анъанаи ҳунарии Тоҷикистон бо номҳои «Марвӣ», «Марвича» ва «Марвихонӣ» мебошанд, ки бо мероси Барбади Марвазӣ иртибот доранд. Ин шеваҳо то имрӯз низ дар фарҳанги мусиқии тоҷик ҷойгоҳи худро нигоҳ доштаанд.

Дар конфронс намояндагони ЮНЕСКО, Созмони исломии омӯзиш, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО), инчунин муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ иштирок доранд. Барномаи ҳамоиш рӯзҳои наздик дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон идома ёфта, меҳмонон ҳамчунин аз як қатор мавзеъҳои фарҳангии шаҳри Душанбе боздид хоҳанд кард.
 

نظر شما
ارسال نظر